Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» барҳам дода шуд

Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Чанде қабл таҳти раёсати муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафаралӣ Қурбонов оид ба баррасии парвандаи мазкур мурофиаи навбатӣ баргузор шуд. Пас аз ибрози андешаҳои ҷонибҳо суд ба хонаи машваратӣ хориҷ гардида, баъди чанде қарори суд оид ба баррасии ин даъворо эълон […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд.

Чанде қабл таҳти раёсати муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафаралӣ Қурбонов оид ба баррасии парвандаи мазкур мурофиаи навбатӣ баргузор шуд.

Пас аз ибрози андешаҳои ҷонибҳо суд ба хонаи машваратӣ хориҷ гардида, баъди чанде қарори суд оид ба баррасии ин даъворо эълон кард.

Суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қонеъ намуда, изҳор кард, ки ташкилот барои шикоят бурдан аз болои ин қарор ба суди вилоятӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳимоятгари АҲҶ «Ампаро» Ҷунайд Ибодов қарори судро ғайриқонунӣ ва беасос арзёбӣ кард. «Мутаассифона, суд далелу ваҷҳҳои овардаи моро ба инобат нагирифт. Ин қарор иштибоҳи навбатии суд аст. Мо аз болои ин қарор шикоят бурданием ва умедворем, ки адолат барқарор мешавад», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, раиси ташкилоти «Ампаро» Дилрабо Самадова зикр кард, ки ба адолатнокӣ ва мустақилияти низоми судӣ умедвор буд. «Мутаассифона, мо имрӯз ҳам ба вобаста будани низоми судӣ шоҳид гардидем. Вале мо таслим шуданӣ нестем ва фаъолиятамон дар соҳаи ҳимоят аз ҳуқуқро қатъ карданӣ нестем», – изҳор дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки 29-уми июни соли равон Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард.

Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар Раёсати адлия, ифтитоҳи сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси «Ампаро» Дилрабо Самадова дар робита ба ин масъала мегӯяд, Раёсати адлия мушаххасан амали ғайриқонунии роҳбари созмонро нисбати қонуншикании марбут ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» зикр накардааст ва ҳамчунин гузаштани қайди дубора дар Раёсати адлия ҳангоми тағйири суроғаи воқеӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст.

Дар робита ба ифтитоҳи сомонаи созмон дар шабакаи Интернет номбурда гуфт, маҷлиси умумии созмон дар ин бора қарор қабул карда, сомона аз провайдер хостинг дастрас намуд. «Дар Оинномаи «Ампаро» гуфта мешавад, ки созмон ба паҳн кардани маълумот дар бораи фаъолияти худ ҳуқуқ дошта, дар қонунгузорӣ барои ифтитоҳи сомона гирифтани иҷозатнома пешбинӣ нагардидааст», – гуфт вай.

Дар шарҳи масъалаи баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ Самадова изҳор кард, ки «Ампаро» дар доираи фаъолияти худ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии ҳуқуқии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам вохӯриҳои дусоата мегузаронад, ки онҳо дар шакли суолу посух сурат мегиранд. «Ин вохӯриҳо бо розигии хаттӣ ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Вазорати маориф доир гардида, реҷаи баргузории чорабиниҳо, макон ва шумори иштирокчиён аз ҷониби ҷамоатҳо пешниҳод шуда буданд. Дар ин вохӯриҳо ба иштирокчиён гувоҳнома дода намешавад», – таъкид кард раиси ассотсиатсия.

Дар идома Дилрабо Самадова изҳор кард, ки ахиран як зумра аз намояндагони мақомоти давлатӣ бо ҳар роҳу воситае мекӯшанд, то ба фаъолияти созмони ҳуқуқии ҷавонон монеа эҷод созанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.