Раиси пойтахт аз кори нақлиёти ҷамъиятӣ қаноатманд нест

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба  баррасии фаъолияти сохторҳои марбута оид ба ҳолати иҷрои талаботҳои қонунгузориҳои ҷорӣ вобаста ба нақлиёт ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ин самтро ба танзим медароранд, бо иштироки Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт,  коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, аъзоёни комиссияи ҷамъиятии назорат аз болои тамоми нақлиёти  истифодаи умум, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии бо мусофиркашонӣ машғулбуда  ҷаласа барпо намуд.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа сараввал ахбори прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи шаҳри Душанбе  Ҷамшед Шарипов оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва зикр гардид, ки бар хилофи талаботи оинномавӣ аз ҷониби муассисаи мазкур хатсайрҳо дар баъзе ҳолатҳо бе озмун ба ҷамъиятҳо дода шудаанд, ки ин яке аз сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани хизматрасонии  мусофиркашонӣ  бо нақлиёти автомобилӣ гардида, талабот оид ба қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ ҳангоми кушодани хати сайрҳо, бо пуррагӣ риоя карда нашудааст.

Ҳамчунин,  бинобар сабаби дуруст фаъолият накардани Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаҳою ҷамъиятҳои шаклҳои гуногуни моликият, ки ба хизматрасонии  мусофирбарии шаҳр машғул мебошанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт баромад ва  иҷроиши даврҳои воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар аксари хатсайрҳои  шаҳр таъмин карда нашудааст.

Зимни баррасии масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти сусти роҳбарони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии нақлиёти мусофиркаш, инчунин комиссияи ҷамъиятию шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр  ва Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ  кард.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки барои роҳ додан ба чунин камбудиҳои ҷиддӣ месазад, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Оев, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Шералиев, и.в. сардори Раёсати Хадамоти назорат ва танзими нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Ф.Каримов ва сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе С. Турахонов аз мансаби хизматӣ сабукдӯш гардонда шаванд.

Аммо бо назардошти баррасии тамоми самтҳои фаъолият ва хулосабарории амиқ бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Шералиев ва муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Оев танбеҳ эълон намуда, нисбати татбиқи муҷозоти интизомӣ-танбеҳ ба сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе С.Турахонов ва и.в сардори Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ф.Каримов ба мақомоти дахлдори болоӣ пешниҳод ирсол карда, ҳамзамон ба онҳо то 1 декабри соли 2012 имконияти охирин дода шавад, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ  андешанд. Дар сурати ноӯҳдабароӣ ҷиҳати  ислоҳи камбудиҳо дар  мӯҳлати муқарраргардида аз вазифа сабукдӯш хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...