Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Айнӣ бо ҳузури президент

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби нави муосир иштирок кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бино бо маблағи қариб 4 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети кишвар барои 640 хонанда дар ду баст […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби нави муосир иштирок кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бино бо маблағи қариб 4 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети кишвар барои 640 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, биология ва технологияи ҳунаромӯзӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни суханронӣ аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ, мардуми деҳаи Сангистон ва мактаббачагони онро бо ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат табрику таҳният гуфта, онро тӯҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид ва ба меъморону бинокорони мактаб арзи сипос кард.

Зимни маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух, ки дар охири ҷамъомад сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ доир ба вусъати бештари корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио