Тағйироти кадрӣ дар мақомоти раҳбарии ВАО-и ҳукумат

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози, Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи Муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи Муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи Директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи Муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ёқубҷон Абдуманонов Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози ва Абдукарим Ҳикматов Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият, Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон ва Саид Сиддиқов аз вазифаи Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.

Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, Исроил Носиров Директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов Директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.