Анҷоми ваколатҳои дипломатии сафири Швейтсария дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Конфедератсияи Швейтсария Стефан Нелленро бинобар ба итмом расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин вазъият дар минтақа бо назардошти хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон то соли 2014 табодули афкор […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Конфедератсияи Швейтсария Стефан Нелленро бинобар ба итмом расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин вазъият дар минтақа бо назардошти хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон то соли 2014 табодули афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сафир Стефан Неллен барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Швейтсария муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.