Бо мусоидати сафорат модаркалон набераҳоро ба парасторӣ гирифт


Ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар хонаи кӯдакони шаҳри Фрязинои вилояти Маскав қарор доштанд, бо мусоидату ёрии сафорати Тоҷикистон дар Русия, ба ихтиёри модаркалонашон супорида шуданд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, чанде пеш баъди фавти шаҳрванди Тоҷикистон Фозилова Зарина Давроновна, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, да фарзанди ӯ – Хадича Фозиловаи 4-сола ва Зоира Фозиловаи 2-сола бепарастор монданд.

Ба иттилои манбаъ, кӯдакон ба хонаи бачаҳои ш. Фрязино супорида шуда, мақомоти дахлдори маҳаллӣ муроҷиату хоҳиши модаркалони онҳо – Абдуллоева Мафтуна дар иртибот ба ихтиёри ӯ вогузор кардани тарбияву парвариши онҳоро бо сабабҳои гуногун кашол медоданд.

Зикр гардид, ки баъди пайгирии мавзӯъ ва иқдомҳои лозима аз сӯйи кормандони бахши консулгарии сафорат, ахиран Хадичаву Нодира ба ихтиёри Абдуллоева Мафтуна супорида шуданд. 

spot_imgspot_img

Популярное