Ташрифи намояндагони ширкатҳои муваффақи Австрия ба Душанбе


Нимаи моҳи ноябр намояндагони ҳудуди 20 ширкатҳои муваффақи Австрия, ки ба истеҳсолу содироти таҷҳизоту технология ва хизматгузориҳои гуногун машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар, ки рӯзҳои 15-16-уми ноябри соли равон доир мегардад, ҳайати намояндагони ширкатҳои австриягӣ таҳти сарварии мудири департаменти савдои хориҷӣ бо кишварҳои узви ИДМ-и Палатаи федералии иқтисоди Австрия ҷаноби Хайнтсем Валтер бо намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилои манбаъ, сафари ҳайати намояндагони ширкатҳои Австрия ба хотири баррасии имконоти ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Австрия сурат мегирад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия каме бештар аз 2,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,9% камтар аст. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба ҳудуди 5 млн. доллари ИМА баробар шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное