Ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид гардидани 57 млн. литр маводи сӯхт

Дар муқоиса бо соли гузашта соли равон воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 54 млн. литр афзудааст. Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ  ва бидуни пардохтҳои гумрукӣ 57 млн. литр (350 ҳодиса) маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳими Умариён хабар […]

Заррина Эргашева


Дар муқоиса бо соли гузашта соли равон воридоти ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 54 млн. литр афзудааст. Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ  ва бидуни пардохтҳои гумрукӣ 57 млн. литр (350 ҳодиса) маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳими Умариён хабар дод, интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти нафтӣ аксаран тавассути марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад. Аз оғози сол дар ин ҷо аз 321 ҳодисаи қочоқи маҳсулоти нафтӣ ҷилавгирӣ шуда, 3 млн. литр маҳсулоти нафтӣ мусодира гардидааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи Хадамоти гумрук, ба туфайли фаъолияти муассири гурӯҳҳои фаврии хадамот, ҳаҷми маводи сӯхти ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон воридшуда коҳиш меёбад, вале шумори ҳодисаҳои қочоқ дар ҳоли афзоиш аст. «Инро сабаб он аст, ки одамон ба воридоти миқдори ками маводи сӯхт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки ноаён бошад, аз ин рӯ, ҳодисаҳои ба ин амал даст задан зиёд буда, ҳаҷм камтар аст», – шарҳ дод вай.

Ҳаҷми кунунии ғайриқонунӣ ворид намудани маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд аст. Ҳамин давраи соли гузашта 3,1 млн. литр маводи сӯхти  тавассути қочоқ ба Тоҷикистон воридшуда (144 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда буд.

Муовини сардори Раёсати мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукии хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Қурбон Абдуназаров дар робита ба ин масъала мегӯяд, соли равон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ 14 ҳодисаи ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид кардани маҳсулоти нафтӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 53,5 млн. литр маводи сӯхт мусодира гардидааст.

Далелҳои нахустини қочоқи маҳсулоти нафтӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҳи майи соли 2010, пас аз болоравии боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ба мушоҳида расиданд. То ин замон чунин омор оид ба қочоқ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд надошт.

Соли 2010 39 ҳодисаи қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соли 2011 бошад, шумори онҳо ба 144 ҳодиса расидааст. Дар ҳамин ҳол, соли 2010 – 13,7 млн. ва соли 2011 – 3,1 млн. литр маводи сӯзишворӣ мусодира гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.