Мӯйсафеди кислотапош ба рӯйи судя ба 8,6 соли зиндон маҳкум гардид


Сокини 73-солаи шаҳри Исфара, ки ба нишони эътироз аз ҳукми судя нисбати худ ба рӯйи ӯ кислота пошида буд, ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, раиси мурофиаи судии мазкур Хуршед Сангинов хабар дод, суд Зиёваддин Ҷӯраеви 73-соларо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 110, қ. 2 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 356, қ. 3 (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судии хатарнок барои ҳаёт ва саломатӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 8 солу 6 моҳи зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

«Маҳкумшуда З.Ҷӯраеви 73-сола муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адо хоҳад кард. Ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он имкони шикоят бурдан мавҷуд аст», – зикр кард Х.Сангинов.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари маҳкумшуда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бинобар «вазнинии ҷазо» аз болои ҳукми суд ба ҳайати мушовараи зинаи кассатсионӣ шикоят бурданист. Ӯ бар ин назар аст, ки суд бо назардошти синнусоли Ҷӯраев, метавонист ба ӯ ҷазои шартӣ таъин кунад.

Ҳимоятгар зикр кард, ки зерҳимояи ӯ комилан ба гуноҳи худ иқрор шудааст. «Ӯ эътироф намуд, ки ба рӯйи судя кислота пошид, аммо дар дар ҳолатҳои ҷудогона истисно мавҷуд аст ва дар ин парванда синнусоли ба ҷое расидаи зерҳимояи ман чунин истисно буда метавонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки худи судя ӯро ба чунин ҳолат оварда расонидааст», – иброз дошт Ф.Воҳидова.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми июли соли равон Зиёваддини Ҷӯраев ба ҳуҷраи кории судя ворид гардида, ба нишони эътироз аз ҳукми содиркардаи судя ба рӯйи ӯ кислота пошид, ки бар асари он 27%-и рӯйи судя осеб дид.

spot_imgspot_img

Популярное