Вакили Маҷлиси Мӯъминободро суд интизор аст

Мақомоти прокуратура тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод, сардори кумитаи заминсозии ноҳия Мирзосафар Гулаҳмадови 56-соларо ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокураура иттилоъ дод, вакил дар ришваситонӣ ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА аз сокини 21-солаи маҳаллӣ  Зафари Маҳмадлатиф барои ҷудо […]


Мақомоти прокуратура тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод, сардори кумитаи заминсозии ноҳия Мирзосафар Гулаҳмадови 56-соларо ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокураура иттилоъ дод, вакил дар ришваситонӣ ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА аз сокини 21-солаи маҳаллӣ  Зафари Маҳмадлатиф барои ҷудо кардани 2 гектар қитъаи замин ба ахирӣ гумонбар дониста мешавад.

«Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дархост дар бораи бекор кардани дахолатнопазирии вакили гумонбаршуда ба порагириро мусбат ҳаллу фасл намуд, ки он барои анҷоми тамоми корҳои тафтишотӣ шароит муҳайё кард», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, сардори Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб Тоҳир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки бо фармони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия, М.Гулаҳмадов аз мансаб сабукдӯш гардида, иҷрои вазифаи сардори кумитаи заминсозии ноҳия ба дӯши муовини сардор Шамсуддин Рабиев вогузор шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.