Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба терроризм айбдор мекунад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро дар роҳандозии фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ғайриқонунӣ нигоҳдории маводи таркандаву аслиҳа гумонбар медонанд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Русия, моҳи ноябри соли 2012 дар доираи як амалиёти фавиву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот 18 нафарро ба гумони узвияту ҳамкорӣ бо ин созмони террористӣ боздошт […]

Наргис Ҳамробоева


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро дар роҳандозии фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ғайриқонунӣ нигоҳдории маводи таркандаву аслиҳа гумонбар медонанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Русия, моҳи ноябри соли 2012 дар доираи як амалиёти фавиву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомот 18 нафарро ба гумони узвияту ҳамкорӣ бо ин созмони террористӣ боздошт намуда, аз макони зисти онҳо норинҷаку аслиҳаи оташфишон, маводи таркандаву ба маблағи 1 млн. доллари ИМА пулҳои сохтаву қалбакӣ ва адабиёту дискҳои маводи таблиғотӣ дарёфт кардаанд.

Баъдтар пас аз боздошт намояндаи хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии Марказӣ ба хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ дод, ки боздоштшудагон ба баргузории як амалиёти террористӣ дар роҳи оҳан соли 2010 омодагӣ гирифта будаанд.

«Саҳеҳан маълум шуд, ки онҳо амали террористӣ каме дуртар аз истгоҳи роҳи оҳани «Москва-Рижская»-ро зимни гузаштани қатораи мусофирбар санаи 4-уми ноябри соли 2010 тарҳрезӣ карда будаанд», – гуфта мешавад дар иттилои сомонаи ВКД Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.