Истирдоди ҷинояткори навбатӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванд Давлатшо Кӯчакшоеви 40-соларо ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурданд. Бино ба иттилои торнамои расмии Прокуратураи генералии Русия, Д.Кӯчакшоев моҳи октябр ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст. Номбурда аз соли 2009 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 186 (Бандитизм)-и КҶ ҶТ […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванд Давлатшо Кӯчакшоеви 40-соларо ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурданд.

Бино ба иттилои торнамои расмии Прокуратураи генералии Русия, Д.Кӯчакшоев моҳи октябр ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст. Номбурда аз соли 2009 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 186 (Бандитизм)-и КҶ ҶТ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Бино ба фарзияи тафтишот, соли 1999 дар шаҳри Душанбе Д.Кӯчакшоев  дар ҳайати як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша чор нафарро гаравгон гирифта, аз наздикони онҳо пардохти 15 ҳазор доллари ИМА барои озодии гаравгононро талаб менамоянд.

Моҳи ноябри соли 2011 Кӯчакшоеви таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарордоштаро кормандони пулиси Русия дар қаламрави ноҳияи Подолски вилояти Маскав боздошт карда, маводи парвандаи ӯ ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии Русия ирсол гардид.

Аз рӯи натоиҷи баррасӣ қарор шуд, ки Кӯчакшоев барои ба ҷавобгарӣ кашидан ба мақомоти Тоҷикистон супурда шавад, вале Кӯчакшоев ба ин розӣ нашуда, аз болои қарори Прокуратураи генералии Русия ба Суди Олии ин кишвар шикоят бурд. Суди Олии Русия қарори зикршударо қонунӣ ва асоснок арзёбӣ намуд.

Ба туфайли амали муштарак ва фаврии мақомоти марбутаи Русия, Кӯчакшоев барои ҷавоб гуфтан ба ҷиноятҳои содирнамудааш ба мақомоти салоҳиятноки Тоҷикистон супурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.