Хуҷанд: Баррасии даъвои Тӯраҷонзода мавқуф гузошта шуд

Суди шаҳри Хуҷанд баррасии даъвои рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оид ба ҳимоят аз шаъну эътиборро боз мавқуф гузошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашма аз суди шаҳрӣ хабар дод, сабаби мавқуф гузоштани баррасии даъво таъини баргузор намудани ташхиси лингвистикӣ аз ҷониби суд ин дафъа дар Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ аст. Ёдрас […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд баррасии даъвои рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оид ба ҳимоят аз шаъну эътиборро боз мавқуф гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашма аз суди шаҳрӣ хабар дод, сабаби мавқуф гузоштани баррасии даъво таъини баргузор намудани ташхиси лингвистикӣ аз ҷониби суд ин дафъа дар Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ аст.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми августи соли равон дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид.

Ба қавли Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода, ҷониби ҷавобгар оид ба даъвои Тӯраҷонзода дар бораи ҳифзи обрӯву мартаба ва шаъну эътибор раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ мебошанд.

Ҳамаи онҳо моҳи феврали соли ҷорӣ зимни иштирок дар як мизи гирд дар телевизиони вилояти Суғд иштирок карда, ба назари Тӯраҷонзода, нисбати ӯ андешаҳои манфӣ изҳор намудаанд.

Дар мурофиаи пешакии додгоҳӣ барои ошкор сохтани аломатҳои таҳқиру туҳмат дар гуфтаҳои ҷавобгарон, судя баргузории ташхиси судии лингвистикӣ дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Академияи улуми ҶТ-ро таъин намуда, то анҷоми баргузории ин ташхис баррасии парвандаро мутаваққиф сохта буд.

Раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки Пажуҳишгоҳи забону адабиёти Академияи улуми ҶТ ҳуҷҷатҳо оид ба ин парвандаро ба суд баргардонида, инро чунин шарҳ додааст, ки ташхис бояд аз ҷониби Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ гузаронида шавад. «Мо маводи заруриро аллакай ба ин Кумита ирсол намудем», – гуфт Ҳабибуллоева. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.