Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд

Димитрий Черишев, мураббии шинохтаи рус сармураббии нави дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъйин шудааст. Дар ин бора саҳифаи телеграми “Равшан” хабар дода, навиштааст, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни президенти “Равшан” Зафар Соҳибназар ва Дмитрий Черишев имрӯз, 20-уми декабр дар шаҳри Москва ба имзо расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, мутахассиси рус рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон биёяд. Бо омадани Черишев […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Димитрий Черишев, мураббии шинохтаи рус сармураббии нави дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъйин шудааст.

Дар ин бора саҳифаи телеграми “Равшан” хабар дода, навиштааст, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни президенти “Равшан” Зафар Соҳибназар ва Дмитрий Черишев имрӯз, 20-уми декабр дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, мутахассиси рус рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон биёяд.

Бо омадани Черишев машқу тамринҳои  дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мешаванд. Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки дар кадом кишвар.

“Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, Дмитрий Черишев, ки соҳиби иҷозатномаи UEFA Pro мебошад, дар тӯли фаъолияти тӯлонии мураббигии худ бо як қатор дастаҳои маъруфи футболи Русия ва Аврупо ҳамкорӣ кардааст.

Ӯ, аз ҷумла, дар “Реал Мадрид” (дастаи кӯдакон), “Севиля”, “Сибир”, “Зенит” (ҳайати ҷавонон), “Иртиш” ва “Шинник” кор кардааст.

Черишев бо фаъолияти худ дар дастаҳои Лигаи футболи Русия ва дастаҳои аврупоӣ, аз ҷумла “Санта-Колома” аз Андорра, шӯҳрат пайдо кард. Маҳз бо ин даста ӯ натиҷаи таърихиро дар мусобиқоти аврупоӣ барои футболи Андорра ба даст овард ва то даври дуюми Лигаи конфренсия роҳ ёфт.

Ёдрас мешавем, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи кишварро бо 41 имтиёз ва касби зинаи сеюм ба поён расонд ва медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард.

Аммо натиҷаҳои даста дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё нигаронкунанда буд. Зеро даста дар ин мусобиқа натавонист аз гурӯҳи худ берун шавад. “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 танҳо як пирӯзӣ ва се имтиёз касб карда, дар зинаи охири гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.