Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии ин ниҳод суратҳисоби махсуси "Фонди тақсими фоида" аз фурӯши нерӯи барқе, ки НБО-и "Роғун" истеҳсол мекунад, боз намояд. Ин дастури ҳукумат рӯзи 28-уми феврал содир шудааст ва "Азия-Плюс" имрӯз, 26-уми март бо он шинос шуд. Дар қарори ҳукумат омадааст, ки истифодаи маблағҳои ин […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии ин ниҳод суратҳисоби махсуси "Фонди тақсими фоида" аз фурӯши нерӯи барқе, ки НБО-и "Роғун" истеҳсол мекунад, боз намояд.

Ин дастури ҳукумат рӯзи 28-уми феврал содир шудааст ва "Азия-Плюс" имрӯз, 26-уми март бо он шинос шуд.

Дар қарори ҳукумат омадааст, ки истифодаи маблағҳои ин суратҳисоб баъд аз қабул ва тасдиқи барномаи тақсими муштараки фоидаи ҶСК НБО “Роғун” сурат мегирад.

Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир ду чарха ё агрегати аввали НБО “Роғун” бо иқтидори маҳдуд фаъолият доранд. Қарор аст, ки чархаи навбатии нерӯгоҳ имсол ба истифода дода шавад.

Ба иттилои Вазорати энергетика, соли 2024 НБО “Роғун” 1 миллиарду 220 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ҳудуди 5,5 дарсади нерӯи барқ истеҳсолшуда дар соли гузашта (22 миллиарду 428 миллион кВт/соат) дар кишварро ташкил медиҳад.

Феълан ин нерӯгоҳро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки таҳти назорати ҳукумати кишвар аст, идора мекунад.

Интизор меравад, пас аз анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ, НБО “Роғун” ба тавозуни ҶСК "Барқи тоҷик", ки ниҳоди идоракунандаи нерӯгоҳҳои истеҳсолкунандаи барқи кишвар аст, дода шавад.

Пурра анҷом ёфтани тарҳи Роғун пас аз 10 сол – дар соли 2035 дар назар аст. Барои ин ҳукумат бояд на камтар аз 6,4 миллиард доллар сармоя пайдо кунад.

Ба гуфтаи ҳукумат, барои сохтмони Роғун беш аз 40 миллиард сомонӣ (тахминан 4 миллиард доллар), аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 миллион сомонӣ), евробондҳо (500 миллион доллар) ва боқимонда аз будҷаи давлат ҷудо шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.