Толибон таҳсили духтарони то синфи шашро иҷоза доданд

Сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе гуфтааст, ки духтарони синфи шашум ва поёнтар аз синфи шашум метавонанд ба мактаб ва омӯзишгоҳҳо бираванд.‏ Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ Мавлавӣ Ҳабибулло, сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар ин мактуб афзудааст, муаллимони зане, ки дар марказҳои омӯзишии мавриди ҳимояти муассисаҳои байналмилалӣ тадрис мекарданд ҳам […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе гуфтааст, ки духтарони синфи шашум ва поёнтар аз синфи шашум метавонанд ба мактаб ва омӯзишгоҳҳо бираванд. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ Мавлавӣ Ҳабибулло, сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар ин мактуб афзудааст, муаллимони зане, ки дар марказҳои омӯзишии мавриди ҳимояти муассисаҳои байналмилалӣ тадрис мекарданд ҳам метавонанд бо ба сар кардани ҳиҷоб ба корашон идома диҳанд.

Гуфта мешавад дар ин мактуби Толибон* аз ҷумла омадааст, ки агар мақомҳои маҳаллӣ, ки дар ин замина мушкилот эҷод мекунанд, бояд ба таври расмӣ мушкилро бо масъулони марбутаи вазорати маориф дар миён бигузоранд.

Ин дар ҳолест, ки 480 рӯз аз баста будани дарвозаҳои мактабҳо ба рӯйи духтарони болотар аз синфи 6 мегузарад. Аммо Толибон дар мактуби хеш бори дигар таъкид карданд, ки синфҳои болотар аз шаш то “иттилоъи сонӣ” ҳаққи ба мактаб рафтанро надоранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан Толибон* бар асоси хулосаи девони вазирон ва дастури Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон аз манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ хабар дода буданд.

Дар пайи манъи омӯзиш ва таҳсили занон, дастур таваққуфи кори занон дар созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистонро низ содир карданд.

Ин тасмимҳои Толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон сахт интиқод карда шуд ва даъват гардид, ки дар зудтарин фурсат ин қарорҳои мухолиф ба ҳуқуқи башар бекор карда швад.

Толибон аз баъд аз тасаллут бар Афғонистон, маҳдудиятҳои зиёдеро дар зиндагии занон ҷорӣ карданд, ки ин ҳама поймол кардани ҳуқуқи бунёдии башар дониста мешавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.