Нархи боғчаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе боз гарон шуд

Дар соли 2023 ҳаққи пардохти моҳонаи кӯдакистон ё боғчаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе боз 8 сомонӣ қимат шудааст: акнун аҳолӣ ба ҷои 128 сомонии қаблӣ 136 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ, боло рафтани ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳоро ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли […]

Дар соли 2023 ҳаққи пардохти моҳонаи кӯдакистон ё боғчаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе боз 8 сомонӣ қимат шудааст: акнун аҳолӣ ба ҷои 128 сомонии қаблӣ 136 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ, боло рафтани ҳаққи моҳонаи кӯдакистонҳоро ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли 2023 аз 64 ба 68 сомонӣ афзоиш ёфт, рабт дод.

Бо ишора ба он ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар тамоми кишвар баланд мешавад, эҳтимол нархи боғчаҳо низ дар тамоми Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

“Сар аз 1-уми январ нархи ҳаққи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафта, дар ҳаҷми 68 сомонӣ муқарра гардидааст, ки ду нишондиҳандаро барои ҳисобҳо дар як моҳ 136 сомонӣ муқарар кардааст”, – гуфт манбаъи мо аз сарраёсат.

Бояд гуфт, ки пардохти маблағ аз ҷониби волидон тавассути БДА «Амонатбонк» суприда шуда, танҳо расиди он ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта низ бархе  волидайнн ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки нархи ҳаққи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафтааст ва масъулони  ин боғчаҳо ба ҷойи 120 сомонии пешин, ҳоло 130 ва ҳатто 140-150 талаб мекунанд.

Ин аст, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш намудааст, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимми пойтахт  талаб намудани маблағи бештар, ба телефони боварии ин ниҳод 2213092 тамос бигиранд ва ба почтаи электронии [email protected] муроҷиат намоянд.

Дар ин ниҳод гуфта буданд, ки дар сурати исбот гардидани зиёд талаб намудани хаққи моҳона, масъулони кӯдакистонҳоро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷазо медиҳанд.

Аммо пештар низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидон аз боло рафтани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо нигаронӣ намуданд ва бархеи онҳо мегӯянд, ки онҳо маблағи бештаре пардохт мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои гузашта низ нархи ҳаққи моҳонаи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ ба миқдори 8 сомонӣ зиёд гардида буд, ки бо қарори ҳукумат маблағи пардохти кӯдакистон аз 120 сомонии соли 2021, соли 2022 –юм 128 сомонӣ афзоиш ёфта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.