Дар Кобул масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни се кишварҳои форсзабон муҳокима мегардад

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Кобул зимни вохӯрии роҳиоҳанчиёни Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни ин кишварҳо муҳокима мегардад. Ӯ ёдовар шуд, ки роҳи оҳан бо хатсайри Қӯрғонтеппа-Ҳирот ва […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Кобул зимни вохӯрии роҳиоҳанчиёни Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни ин кишварҳо муҳокима мегардад. Ӯ ёдовар шуд, ки роҳи оҳан бо хатсайри Қӯрғонтеппа-Ҳирот ва Машҳад бунёд гардида, имкон медиҳад ба Халиҷи Форс роҳи баромад пайдо гардад. Дар ин хусус вазирони корҳои хориҷии кишварҳо моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расида буданд.






«Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони роҳ пешниҳодоти худро омода сохтааст», – гуфт В.Собкалов.





Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ин масъаларо мариди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.