Сармояи умумии «Амонатбонк» 40,3 млн. сомониро ташкил дод

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ 40,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,3 дарсад бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки маблағҳои умумии бонк дар ин давра ба 360,7 млн. […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ 40,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,3 дарсад бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки маблағҳои умумии бонк дар ин давра ба 360,7 млн. сомонӣ баробаранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 95,5 дарсад зиёдтар аст.






«Сармояи умумӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи вазорати молияи ҷумҳурӣ ва даромади софи бонк афзоиш ёфтааст.





Ба гуфтаи Г.Ҳасанова, ба ҷуз фаъолияти тиҷоратӣ бонк ҳамчунин хизматрасониҳои пардохти нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ва пешниҳоди қарзҳоро анҷом медиҳад.





«Тавассути шӯъбаҳо ва агентиҳои бонк ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 7,4 млн. сомонӣ кӯмакпулиҳо дода шудааст ва бонк нафақаи 513 ҳазор нафарро пардохт мекунад.





Г.Ҳасанова зикр кард, ки ба беш аз 15 ҳазор нафар муштариён дар ҳаҷми 138 млн. сомонӣ қарзҳо дода шудаанд.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.