Қотилони Илёс Шурпоев ба муҷозот кашида мешаванд

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев гумонбар дониста мешаванд, шурӯъ мегардад. Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ кушод буда, бо иҷозати раисикунанда рӯзноманигорон метавонанд дар он иштирок кунанд. «Мурофиаи додгоҳӣ […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев гумонбар дониста мешаванд, шурӯъ мегардад.






Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ кушод буда, бо иҷозати раисикунанда рӯзноманигорон метавонанд дар он иштирок кунанд. «Мурофиаи додгоҳӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ сурат мегирад, зеро маводи асосии таҳқиқоти ҷиноят аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия бо забони русӣ таҳия шудааст, – изҳор дошт сарчашма. – Ҳамзамон ду нафар айбдоршудагони қатли рӯзноманигори рус Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-сола муддати тӯлони дар Русия ба сар бурдаанд ва забони русиро хуб медонанд». Аз Додгоҳ инчунин итттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар мурофиа бародари рӯзноманигори фавтида низ даъват карда шудааст, вале алҳол маълум нест, ки ӯ меояд ё на.





Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дузд


ӣ


дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.