Боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Эрон идома дорад

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад. 29 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ дар сеюмин Ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуданд. […]

root


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.




29 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ дар сеюмин Ҷаласаи сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуданд.



Худи ҳамон рӯз вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гашт. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин дар кори Конфронси XV Ҳаракати кишварҳои ғайримутаҳид, ки кори худро 30 июли соли 2008 анҷом бахшид, иштирок дошт.




 

30 июли соли 2008 Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ҶИЭ Алӣ Лориҷонӣ, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии ҶИЭ доктор Саид Ҷалилӣ мулоқот намуд.




 


          

Вохӯриҳои Вазири корҳои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ ва Вазири нерӯи ҶИЭ, раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶИЭ бо ҶТ доктор Саид Парвизи Фаттоҳ баргузор шуданд. Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд.



Зимни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ба мусоҳибонаш дар бораи вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷкистон, лоиҳаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва дурнамои онҳо барои кишвар ва минтақа иттило дод. Ӯ қайд кард, ки ин лоиҳаҳо на танҳо барои рушди ҷумҳурӣ, балки барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат ҳоҳанд кард. Ҳ. Зарифӣ таъкид кард, ки тамоми ин лоиҳаҳо бо дарназардошти манфиятҳои натанҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида буданд. Аз ҷумла, бо дарназардошти ақидаҳои ҷониби Ӯзбекистон оиди лоиҳаи сохтмони НОБ дар дарёи Зарафшон коршиносони мустақил аз Олмон даъват шуда буданд. Кори ба сомон расондашудаи онҳо баёнгари он гардид, ки сохтмони НОБ ҳеҷ зараре ба кишвари ҳамсоя намерсонад ва баръакс, фоида меорад.



Дар навбати худ мусоҳибон қайд карданд, ки ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шудаанд, фаъолона кор мебаранд. Минҷумла, масъалаҳои маблағгузории тунели «Чормағзак» ҳаллу фасл гардидаанд.



Дар мулоқотҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар соҳаи иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуд.



Ҷониби Эрон ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сеҷониба мароқ доштани худро изҳор намуд. Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки сохтмони хатҳои барқ барои Афғонистон ва Эрон аҳамияти бузург дорад.



Ғайр аз ин ҷониби Эрон барои баррасии муфассали лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика пешниҳод намуд, ки вазирони энергетикаи се кишвар дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки дар охирҳои августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.



Дар вохӯрӣ бо Вазири умури хориҷаи ҶИЭ доктор Манучеҳр Муттақӣ дар баробаримасъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, инчунин мавзӯи ҳамкориҳои фарҳангӣ низ муҳокима гардид. Манучеҳр Муттақӣ пешниҳоди ҳамтои худро оиди таҳияи филми бадеии «Куруши Кабир», ки стсенарияи онро нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон омода сохтааст, хуб пазируфт.



Пас аз анҷоми ин мулоқот аз ҷониби Ҳамрохон Зарифӣ ва Манучеҳр Муттақӣ Барномаи ҳамкорҳо миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломи Эрон барои солҳои 2008-2009 ба имзо расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.