Дар Исломобод созишнома оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ба тасвиб мерасад

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 3-5 август дар Исломобод конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир мегардад. Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки иштирокчиёни лоиҳаи CASAREM (Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ният доранд, лоҳаи сохтмони хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 3-5 август дар Исломобод конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир мегардад.




Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки иштирокчиёни лоиҳаи


CASAREM




(Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ният доранд, лоҳаи сохтмони хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро

 

ба имзо расонанд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ мекунад.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар Исломобод ҳамчунин бо ташаббуси Бонки рушди Осиё масъалаи созишномаи нерӯи барқи Тоҷикистонро харидорӣ намудани Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд. Афғонистон хостори он аст, ки нерӯи барқро бо нархи 1 сент харидорӣ намояд, вале Тоҷикистон нархи онро 3,5 сент муқаррар кардааст.



Тибқи лоиҳаи харидории нерӯи барқи Тоҷикитон аз ҷониби Афғонистон сохтмони хати итиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳти бунёди он Бонки рушди Осиё тақрибан 22-23 миллион доллари амрикоӣ сарф карданист. Мувофиқи муқаррароти созишнома, сохтмони хати интиқоли барқ, ки


120 км

дарозӣ дорад, моҳи октябри соли

 

ҷорӣ оғоз гардида, баҳори соли 2010 ба истифода дода мешавад. Дар давоми солҳои 2010-2015 интиқоли барқ танҳо дар давраи тобистон сурат хоҳад гирифт ва бо мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи обию барқии «Роғун» он муддати тамоми сол амалӣ хоҳад гашт.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.