Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри Истаравшан ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

Хуҷанд. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри   Истаравшан Ҳафиз Ҷумъаев ҳангоми порагирӣ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, ки Ҳ.Ҷумъаев ҳангоми маротибаи дуввум гирифтани 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд барои ҷудо намудани қитъаи замин […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри

 

Истаравшан Ҳафиз Ҷумъаев ҳангоми порагирӣ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, ки Ҳ.Ҷумъаев ҳангоми маротибаи дуввум гирифтани 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд барои ҷудо намудани қитъаи замин дастгир карда шудааст.




«Ӯ маротибаи аввал аз шаҳрвнанд ҳамин миқдор маблағ гирифта, ваъда медиҳад, ки ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад, вале бо баҳонаҳои зиёде асноди онро омода насохта, боз 1,5 ҳзор доллари амрикоӣ талаб мекунад ва зимни гирифтани он дастгир карда мешавад», – гуфт сарчашма. Шаҳрванди порадода ба мақомот хабар медиҳад ва зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ Ҳ.Ҷумъаев боздошт шуда, ба ҳабс гирифта мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.