Дар сайёра гирифтагии хуршед фаро расид

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мардуми бисёре аз нуқоти ҷахон имрӯз гирифтагии комили хуршедро мушоҳида хоҳанд кард. Бо қарор гирифтани моҳ дуруст бар руйи хатте фарзи миёни хуршед ва замин сояе тира бар сатҳи курра хоҳад афтод. Гирифтагии офтоб дар манотиқи қутбии Канадо оғоз хоҳад шуд ва дар минтақаи Ҷоддаи Абрешим дар шимоли Чин […]

ВВС


Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мардуми бисёре аз нуқоти ҷахон имрӯз гирифтагии комили хуршедро мушоҳида хоҳанд кард.


Бо қарор гирифтани моҳ дуруст бар руйи хатте фарзи миёни хуршед ва замин сояе тира бар сатҳи курра хоҳад афтод.




Гирифтагии офтоб дар манотиқи қутбии Канадо оғоз хоҳад шуд ва дар минтақаи Ҷоддаи Абрешим дар шимоли Чин поён хоҳад ёфт. Онро дар Тоҷикистон низ метавон мушоҳида кард. Бахшҳое аз шимоли Русия барои ду дақиқаву 27 сония торик хоҳад буд, аммо Бритониё дар соъати даҳху шонздаҳ дақиқа ба вақти расмии ин кишвар танҳо як гиифтагии ноқисро шоҳид хоҳад буд.



Ин гирифтагии ноқисро дар саросари Аврупо, Осиё ва Омрикои Шимолӣ метавон дид. Чунонки ҳар бор ба ҳангоми гирифтагӣ расм аст, ҷаҳонгардон ва мунаҷҷимони ҳирфаӣ ва ҳавасманд ба беҳтарин нуқоти чашмрас дар масири хуршедгирифтагии комил сарозер шудаанд.



Дар Новосибирскк, пойтахти фарҳангӣ ва илмии Сибир, беш аз панҷ ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар шаҳр таҷаммӯъ хоҳанд кард. Гирифтагии комил маъмулан ҳар 18 моҳ як бор ва ҳамеша ҳангоми моҳи нав иттифоқ меуфтад.



Мадори моҳ нисбат ба мадори замин (ба даври хуршед) каме инҳироф дорад, бино бар ин сояи моҳ банудрат рӯйи замин меуфтад, падидае, ки аз нуқтаи назари заминиҳо ба сурати хуршедгирифтагӣ ҷилва мекунад. Дар мавриди гирифтагии имрӯза, аз нуқтаи назари касоне, ки дар Лондон ҳастанд, ҳадди аксар 12 дарсади сатҳи хуршед пӯшида хоҳад шуд.



Аммо дар арзҳои ҷуғрофиёии болотар вазъ беҳтар аст ва масалан дар Лервик, дар ҷазоири Шетланд, хуршедгирифтаги 36 дарсад хоҳад буд. Ахтаршиносон ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки нигоҳ кардан ба хуршед бидуни абзори муҳофизати ҳатто дар мавриди хуршедгирифтагии ноқис метавонад ба сӯхтагии шабакия ва осеби доимии чашм ва кӯрӣ мунҷар шавад. Танхо бояд бо филтирҳои махсус ба хуршед нигоҳ кард ва ҳатто

айнаки офтобӣ низ барои ин кор муносиб нест.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.