Сокини Конибодом ба гаравгонгирии ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини ноҳияи Конибодом ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтани ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад. Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар таърихи 7-уми августи соли равон Ғуфрон Баротови 33-сола ба деҳаи Работи ноҳияи Конибодом меояд ва дар он ҷо ба ду […]

Бахтиёр Валиев


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини ноҳияи Конибодом ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтани ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад.




Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар таърихи 7-уми августи соли равон Ғуфрон Баротови 33-сола ба деҳаи Работи ноҳияи Конибодом меояд ва дар он ҷо ба ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон Хурсандалӣ Шерматови 37-сола ва Баҳодур Ботирови 30-сола дучор меояд. «Ӯ онҳоро ба дуздии телефонии мобилиаш гунаҳкор сохта, бо зӯрӣ вориди мошин мекунад ва ба хонааш, ба шаҳри Чкаловск мебарад, – изҳор дошт манбаъ. – Сипас онҳоро бо ресмон баста, дар мурғхона қулф мекунад ва аз хешовандони боздоштшудагон барои озодии онҳо 2 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ талаб менамояд».




           

Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ гаравгонон озод карда шуда, Ғ.Баротов ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.