Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд

Душанбе. – 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» ба шаҳри Душанбе олимони забардаст ва иштиёқмандони сершумори осори гаронбаҳои одам-уш-шуаро Рӯдакӣ аз қариб 30 кишвари […]

root




Душанбе. – 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» ба шаҳри Душанбе олимони забардаст ва иштиёқмандони сершумори осори гаронбаҳои одам-уш-шуаро Рӯдакӣ аз қариб 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.








Сарвари давлат бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон таҷлил гаштани 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони олам маънидод карда, ин санаи фархунда ва арафаи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳамагон муборак гуфт.







Президенти Тоҷикистон аз рӯзгору осори шоири шаҳири тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи хонаводаи оли Сомон ёдовар шуда, аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши илму дониш, тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкорию некномӣ ҳидоят намуд.







Дар қисмати ифтитоҳии симпозиуми байналмилалӣ ҳамчунин олимону адибони машҳур аз кишварҳои Россия, Узбекистон, Олмон, Амрико, Ҳиндустон ва албатта аз Эрону Афғонистон суханронӣ намуда, таҷлили ҷашни 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакиро ба ҳамаи форсизабонони ҷаҳон табрику таҳният гуфтанд ва ба Президенти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоишу муҳити созгор барои мубодилоти илмию фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.








 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.