Дар Минск рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

Date:





 







Душанбе. 16-уми сентябр – Намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро баррасӣ менамоянд, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад.








Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад. Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои таъмини бештари амнияти озуқа, самтҳои асосии рушди хизматрасонии байналмилалии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавӣ, созишномаро дар бораи принсипҳои асосии сиёсати танзим ва назорати пул, ҳамкориро дар бораи ташкили низоми давлатии иттилоотии шиносномаю раводид, ҳамкориро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои қалбакӣ, лоиҳаи муоҳидаи мақоми қонунии кор ва буду боши коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳоро муҳокима менамоянд.









 




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...