Биржаи меҳнати ҷавонон ҳудуди 7 ҳазор нафарро барои кор ба Русия сафарбар кард

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонон, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад, аз оғози сол 300 нафар ҷавононро барои кор ба Русия сафарбар кардааст. Дар нишасти матбуотӣ раиси кумита Маликшо Неъматов изҳор дошт, ки биржа на танҳо дар ҷойи бо кор таъмини намудани муҳоҷирон дар […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонон, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад, аз оғози сол 300 нафар ҷавононро барои кор ба Русия сафарбар кардааст.




Дар нишасти матбуотӣ раиси кумита Маликшо Неъматов изҳор дошт, ки биржа на танҳо дар ҷойи бо кор таъмини намудани муҳоҷирон дар хориҷи кишвар, балки дар сурати зарурӣ ва пайдо накардани маблағи роҳкирои баргаштан ба ватан низ кӯмак мерасонад.



Номбурда афзуд, ки аз соли 1999 то инҷониб тавассути биржаи меҳнати кумита дар пойтахт, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва маркази маъмурии вилояти Хатлон 8 намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуда, ба ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрванд ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан дар хориҷа мусоидат карда шудааст.



Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан ҳудуди 700 ҳазор нафар тоҷикистониён дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.