Ба гумони даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд

            Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд.             Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда дар ин мағоза нуқтаи фурӯш дошта, аз ҳисоби моли гирифтааш камомаду қарзи зиёде зиёде доштааст. «Бо ин амал […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда дар ин мағоза нуқтаи фурӯш дошта, аз ҳисоби моли гирифтааш камомаду қарзи зиёде зиёде доштааст. «Бо ин амал ӯ мехостааст, худро ҷабрдидаву мусичаи бегуноҳ нишон диҳад ва ҳамин тариқ аз қарзу камомадҳо халос гардад», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки қабл аз бастани мағоза гумонбаршуда сигори оташдорро ба рӯи латтаи пешакӣ бо бензин таршуда мепартояд ва дар натиҷа мағоза тадриҷан оташ мегирад.




           

«Зимни тафтишот боздоштшуда пурра ба гуноҳаш иқрор гардида, нисбат ба аъмоли ӯ тибқи моддаи 255-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Қасдан хароб кардан ва ё зарар расонидан ба амвол) парвандаи ҷиноӣ боз гардид», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.