Дар Душанбе бар асари садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт бар асари ҳодисаи садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид. Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл   соати 21 дар кӯчаи Борбад ронандаи мошини ГАЗ-2705 Аҳмад Раҷабов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, роҳгузареро пахш мекунад. Бар асари ҷароҳатҳои […]

Валентина Кондрашова



Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт бар асари ҳодисаи садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид.






Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл

 

соати 21 дар кӯчаи Борбад ронандаи мошини ГАЗ-2705 Аҳмад Раҷабов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, роҳгузареро пахш мекунад. Бар асари ҷароҳатҳои бардошта роҳгузар ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид.





Бино ба иттилои манбаъ, шахси фавтида сокини маҳаллӣ буда, синну солаш тахминан 50-55 сола аст. Феълан ному насаб ва ҷои иқомати ӯ муайян карда мешавад.





Ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 26 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 10 тан ҳалок ва 23 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.