Зубайдулло Зубайдов сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин карда шуд

Date:


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти ҷумҳурӣ – Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Зубайдулло Зубайдовро сафири нави фавқулъодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намуд.




Оқои Зубайдов 51 сол дошта, хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу Яман кор кардааст. Аз соли 1987 то соли 2006 раҳбарии шӯъбаи равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Раёсати протоколи давлатии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2006 то 2008 дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси котиби аввал ва мушовир кор кардааст. Дорои рутбаи дипломатии Сафири фавқулъодда ва мухтор, дараҷаи якум мебошад.



Зубайдулло Зубайдов дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистон, Саидбег Саидовро иваз намуд. Ёдовар мешавем Саидов мутобиқи фармони президенти мамлакат аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин карда шуд.


1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Окои Зубайдов як шахси боифати чомеъаи имрузаи Точикистон аст.

    Ман хамчун як шахрванди Точикистон хохишмандам Хукумати Точикистон бояд мисли окои Зубайдов З. ро зийд кунад чун ин дипламат як марди фурутан ва софдил аст хамеша мекушад номи Точикистони азизро бардорад ман ахсан мехонам ба чунин дипламатхои Точик ба Окои Зубайдов хамма хушихои руи оламро таманно мекунам худо нигахбон бошад бо эхтиром як чавони Точик аз Ч.М.Чин

Leave a Reply to Каздони Рахмонзода Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...