Раиси вилояти Суғд донишҷӯён – пахтачинони беҳтарини вилоятро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард

Хуҷанд. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода беҳтарин мактаби олии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро барои иштироки фаъол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷоизаи аввали пулӣ ба миқдори 3 […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода беҳтарин мактаби олии вилоят ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро барои иштироки фаъол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷоизаи аввали пулӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ насиби филиали Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷоизаи дуюмро коллеҷи тиббии маркази маъмурии вилояти Суғд ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Спитамен байни ҳам тақсим намуданд. Ба ҳар кадоме аз ин муассисаҳои таълимӣ 1-у ним ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҷоизаи мушобеҳро шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дарёфт кард.



Барои тарғиб ва инъикоси васеъи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона тавассути васоити ахбори омма, ба маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят 2 ҳазору 300 сомонӣ ва кумитаи телевизион ва радио 1 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ба якчанд нашрияи вилоятӣ ва 20 тан аз донишҷӯёни нисбатан фаъол мукофотҳои пулӣ ба миқдори 300 сомонӣ тақдим карда шуд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.