Самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Хуҷанд ғолиб омаданд

Хуҷанд. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Хуҷанд дастаи Тоҷикистон пирӯз гардид. Мусобиқа барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 140 варзишгар аз панҷ кишвари минтақа ширкат варзид. Қувваозмоиҳо аз рӯи 9 вазн дар ду тарз – гӯштии самбои врзишӣ ва […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба гӯштии самбо дар шаҳри Хуҷанд дастаи Тоҷикистон пирӯз гардид.




Мусобиқа барои аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, дар он 140 варзишгар аз панҷ кишвари минтақа ширкат варзид. Қувваозмоиҳо аз рӯи 9 вазн дар ду тарз – гӯштии самбои врзишӣ ва низомӣ доир гардиданд.



Дар мусобиқот миёни мардон дастаи Тоҷикистон 6 медали тилло ва ду нуқра ба даст оварда, соҳиби мақоми аввал шуд. Ҷойҳои дуввуми саввум насиби самбочиёни Ӯзбекистону Қазоқистон гардид.



Дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқот миёни занон мақоми аввалро ишғол кард. Дастаи занонаи Қазоқистон зинаи дуввум ва Тоҷикистон мақоми саввумро соҳиб шуданд.



Дар мусобиқоти гӯштии самбои низомӣ дастаи Ӯзбекистон

 

ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуввуму саввумро гӯштигирони Қирғизистону Туркманистон ишғол карданд. Тоҷикистон дар ин навъи мусобиқот мақоми чаҳорумро соҳиб гашт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.