Дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ ҳукумати вилояти Суғд хароҷотро камтар мекунад

            Хуҷанд. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати молияи ҳукумати вилояти Суғд, ки мабалғгузорӣ ба муассисаҳои давлатиро танзим месозад, дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ хароҷотро ба андозаи 15 дарсад камтар карданист.             Чӣ тавре ки сардори раёсат Анвар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пеш аз ҳама, ҳаҷми хароҷот барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ, харидории лавозимоти канселярӣ […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раёсати молияи ҳукумати вилояти Суғд, ки мабалғгузорӣ ба муассисаҳои давлатиро танзим месозад, дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ хароҷотро ба андозаи 15 дарсад камтар карданист.





           

Чӣ тавре ки сардори раёсат Анвар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пеш аз ҳама, ҳаҷми хароҷот барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ, харидории лавозимоти канселярӣ ва мебел барои корхонаҳо коҳиш хоҳад ёфт. «Ҳамзамон ҳаҷми хароҷот барои харидани мошинҳои хизматӣ ва сафарҳои хизматии кормандони муассисаҳои давлатӣ камтар карда мешавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи пешгӯиҳо, аз чунин иқдом ҳаҷми сарфаи хароҷот дар муқоиса бо соли гузашта 30-40 млн. сомонӣ камтар хоҳад шуд.




           

Ба қавли А.Мирзоев, пардохти музди меҳнат, ҷубронпулиҳо барои қишри камбизоати аҳолӣ ҷиҳати пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳамчунин маблағгузорӣ ба кӯдакистонҳо, макотиб ва бахши тандурустӣ бетағйир боқӣ мемонанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.