Дар мавзеи наздики пойтахт махфигоҳи бузурги силоҳ кашф шуд

Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавзеи наздики шаҳри Душанбе махфигоҳи бузурги силоҳ кашф шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии мавзеъе дар наздикии хоҷагии Тоҷикободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳонгоҳи аслиҳаву муҳимот ошкор гардида, аз он туфангчаҳои навъҳои «Стар-Стал-22», «Сат», «Макаров», туфанга-пулемёти истеҳсоли хориҷӣ бо ду […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавзеи наздики шаҳри Душанбе махфигоҳи бузурги силоҳ кашф шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии мавзеъе дар наздикии хоҷагии Тоҷикободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳонгоҳи аслиҳаву муҳимот ошкор гардида, аз он туфангчаҳои навъҳои «Стар-Стал-22», «Сат», «Макаров», туфанга-пулемёти истеҳсоли хориҷӣ бо ду тирдон, милтиқи навъи «Винчестер Кобра», 2 автомати Калашников, милтиқи шикории андозаи 16, милтиқи хурд, 446 дона тирҳои андозаи гуногун, 8 дона норинҷаки Ф-1 ва 3 дона норинҷаки РГД-5 дарёфт ва мусодира карда шудааст.



Ёдрас мекунем, ки чанде пеш




зимни азназаргузаронии қаламрави сохтмони бинои манзили зист дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд. Аз пинҳонгоҳ як пулемёти Калашников бо 3 тирдон ва ҳамчунин 19 тирдони автомати Калашников ва 1 ҳазору 133 дона тирҳои гуногун пайдо шуда буд.




           

Шурӯъ аз соли 1994 танҳо аз ҷониби мақомоти умури дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 31 ҳазор адад силоҳ мусодира карда шудааст.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.