Собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев дар боздоштгоҳи муваққатӣ зери назорат қарор дода шуд

Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашмаи воломақом аз додситонии кулли ҶТ иттилоъ дод, парвандаи ҷиноии бозгардида нисбати Ҳ.Тиллоев ба фаъолияти касбии ӯ зимни ифои вазифа ба […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашмаи воломақом аз додситонии кулли ҶТ иттилоъ дод, парвандаи ҷиноии бозгардида нисбати Ҳ.Тиллоев ба фаъолияти касбии ӯ зимни ифои вазифа ба ҳайси мансабдори масъули давлатӣ

 

марбут аст. «Парвандаи ҷиноӣ нисбати мавсуф бар асоси якчанд аризаҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ба додситонии кулл, ки масоили молиявии ҷонибҳоро дар бар мегиранд, оғоз гардид», – гуфт манбаъ.



Алҳол аз ифшои ҷузъиёти дигари парвандаи мазкур худдорӣ карда шуд. Ҳокимшо Тиллоев аз моҳи январи соли 2006 то моҳи ноябри соли 2008 ба сифати сарвари кулли ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ифои вазифа намуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.