Худкушии собиқ вазири умури дохилии ҶТ

            Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов дар хонааш худро парронд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, дирӯз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ҳабси собиқ вазири ВКД иҷозатнома додааст. Роҷеъ ба чунин тасмимгирӣ ва ба кадом ҷиноёт гумонбар дониста шудани […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов дар хонааш худро парронд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, дирӯз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ҳабси собиқ вазири ВКД иҷозатнома додааст. Роҷеъ ба чунин тасмимгирӣ ва ба кадом ҷиноёт гумонбар дониста шудани Маҳмадназар Солеҳов чизе хабар дода нашуд. «Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ машғули кор аст», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки М.Солеҳов ба ҳайси вазири умури дохли ҶТ ду сол фаъолият карда, моҳи январи соли 2009 аз мансаб сабукдӯш гардида буд. Қобили зикр аст, ки чанд рӯзи ахир дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазир – Тағойназар Солеҳов идома дорад. Т.Солеҳов дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.