Мусулмонони Нижний Новгород ҷиҳати иштирок дар конфронси «Ислом ва демократия» ба Душанбе меоянд

            Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 25-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ислом ва демократия» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсӣ, Фонди Роза Люксембург ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон созмон дода мешавад.             Дар конфронс аз ҷониби мусулмонони шаҳри Нижний Новгороди Русия раиси Шӯрои […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 25-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ислом ва демократия» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсӣ, Фонди Роза Люксембург ва Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон созмон дода мешавад.





           

Дар конфронс аз ҷониби мусулмонони шаҳри Нижний Новгороди Русия раиси Шӯрои уламои ин минтақа Дамир-ҳазрат Муҳиддинов ва ҳамчунин фарҳангшинос Ҷаннат Сергей Маркус маърӯза хоҳанд кард.




           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа холдинги тоҷикии «


Tajinfo


» дар Русия Муҳаммади Эгамзод иттилоъ дод, ин конфронс вохӯрии навбатии коршиносон мебошад, ки аз ҷониби собиқ сафири Олмон дар кишварҳои Шарқ доктор Арне Зайферт ташкил мегардад. Қаблан чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Алмаато ва Бишкек баргузор шуданд. «Рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Мусулмонони ИДМ ҷонибдори созиш миёни конфессияҳо ва миллатҳо» конфронси илмиву амалӣ доир гардида, бо шумули роҳбарони идораҳои динии кишварҳо мақомоти нав – Шӯрои машваратии мусулмонони ИДМ бо гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шуд», – гуфт ӯ.




           

Дамир Муҳиддинов изҳор доштааст, ки чанд сол пеш онҳо ба ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ барои мусулмонони кишварҳои узви ИДМ дар шакли медиа-холдинги «Медина» бо забонҳои русиву тоторӣ шурӯъ кардаанд.




           

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли ҷорӣ Дамир Муҳиддинов аз мақомоти раҳбарӣ ва мардуми кишварҳои узви ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварда буд, ки ба монанди Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро чун таълимоти динии расмӣ қабул намоянд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.