«Амонатбонк» ба корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 4 млн. $ қарзи Чинро ҷудо мекунад

            Душнбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки давлати амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар давоми соли равон санадҳои лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 1 млн. доллари ИМА-ро таҳия сохтанд.             Чанде пештар раиси раёсати «Амонатбонк» Мамадамин Мамадаминов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки лоиҳаҳои мазкур […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душнбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки давлати амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар давоми соли равон санадҳои лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 1 млн. доллари ИМА-ро таҳия сохтанд.





           

Чанде пештар раиси раёсати «Амонатбонк» Мамадамин Мамадаминов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки лоиҳаҳои мазкур ба Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, ки аз соли гузашта «Амонатбонк» низ ба узвияти он пазируфта шуд, пешниҳод гардидаанд. «Ҷудо кардан ё накардани маблағ баҳри табиқи ин лоиҳаҳо аз он вобаста аст, ки ин лоиҳаҳо то кадом андоза аз ҷониби иттиҳодияи байнибонкӣ тасдиқ мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба гутфаи Мамадаминов, дар чаҳорчӯбаи Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ «Амонатбонк» бо Бонки давлатии Чин ба маблағи 5 млн. $ қарордоди қарзӣ ба имзо расонид. «Маблағи нахустини қарзӣ барои харидории техникаи нав ба коркарди кони ангишти «Кони Сайёд», ки дар қисмати начандон дуртар аз минтақаи шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, ҷудо гардидааст. «Дар навбати худ, мо оид ба раванди фурӯши маҳсулоти ин кон мониторинг мегузаронем ва бояд гӯям, ки ҷиҳати фурӯши ангишт бо Афғонистону Покистон қарордодҳо ба тасвиб расиданд», – баён дошт вай.




           

Раиси бонк афзуд, воситаҳои боқимондаи бонки Чин дар ҳаҷми 4 млн.


$


барои дастгирии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.