Додрас Нуров: Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев мустақилонаву холис сурат гирифт ва ба ман ҳеҷ фишоре оварда нашуд

            Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев баҳои ҳуқуқӣ додан ба ҳукми пурсарусадои мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро рад сохт. Ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба муддатҳои зиёд ба зиндон маҳкум шуданд.             […]



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев баҳои ҳуқуқӣ додан ба ҳукми пурсарусадои мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро рад сохт. Ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба муддатҳои зиёд ба зиндон маҳкум шуданд.





           

Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ, Абдуллоев изҳор дошт, ки «ин ба салоҳияти ҳайати мушовараи Додгоҳи Олӣ дахл надошта, гузашта аз ин, ҳукм ҳоло таҷдиди назар нашудааст».




           

Дар мавриди ба дарозо кашидани додани нусхаи ҳкумнома ба ҳимоятгарони маҳкумшудагон, ки пас аз 22 рӯзи содир шудани ҳукм санадҳоро дастрас намудаанд, Абдуллоев гуфт, қабул дорад, ки мӯҳатҳо зиёд буданд, вале ин ба сабабҳои ба онҳо новобаста, аз ҷумла, хеле зиёд будани ҳаҷми ҳукмнома – 538 саҳифа марбут аст. «Ба ҳар як маҳкумшуда 2 нусхаи ҳуҷҷат дода мешавад ва акнун метавонед тасаввур намоед, ки барои иҷрои ин кор то чӣ қадр имконоти техникӣ доштан зарур аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ӯ аз хешовандони маҳкумшудагон барои дар мӯҳлати се рӯзи мувофиқи қонун муқарраршуда дасрас карда натавонистани ҳукмнома маъзарат мехоҳад.




           

Сипас раисикунанда дар мурофиаи додгоҳии зикршуда додраси Додгоҳи олӣ Нур Нуров суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев мустақилонаву холис сурат гирифта, ба ӯ ҳеҷ фишоре оварда нашудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи 33 нафар ҳаммаслакони гурӯҳи Низом Ҷӯраевро анҷом дод ва 2 нафарро аз толори мурофиа озод ва 31 нафарро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол равонаи зиндон кард.




           

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли ҶТ ба қарори Додгоҳи Олӣ нисбат ба парвандаи ҷиноии 31 нафар ҳаммаслакони собиқ намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тоҷир ва сарвари корхонаи кимиёи шаҳри Исфра Низомхон Ҷӯраев, ки ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд, эътироз кард. Б.Бобохонов дар маҷмӯъ, ҳукми додгоҳро нисбат ба ҳаммаслакони Низомхон Ҷӯраев «беадолатона ва ғайриқонунӣ» арзёбӣ карда буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.