Иштирокдорони семинари бахшида ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон рӯйхати тавсияҳо барои пешниҳод ба ҳукуматро омода сохтанд

            Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семинари бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 10-11-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, рӯйхати тавсияҳо барои пешниҳод ба ҳукумати кишвар тартиб длода шуд. Семинар ба мавзӯи «Ҳуқуқ ба мурофиаи додгоҳии боадолат ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ» бахшида шуда, он аз ҷониби намояндагии Комиссияи Аврупо […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семинари бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 10-11-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, рӯйхати тавсияҳо барои пешниҳод ба ҳукумати кишвар тартиб длода шуд. Семинар ба мавзӯи «Ҳуқуқ ба мурофиаи додгоҳии боадолат ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ» бахшида шуда, он аз ҷониби намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ созмон дода шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар семинар масоили муҳими мустақилияти додрасон ва ҳимоятгарон, баробарҳуқуқии роҳу воситаҳои дифоъ ҳангоми тафтишот ва мурофиаи парвандаи ҷиноӣ, кафолати баргузории мурофиаи додгоҳии боадолат, риояи ҳуқуқи инсон пас аз баррасии парванда, шароити зист дар муассисаҳои ислоҳотӣ, баргузории мониторинги боздоштгоҳу маҳбасҳо ва риояи ҳуқуқи арзу шикояти инфиродӣ ба Додгоҳи конститусионии ҶТ баррасӣ шуданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, интизор меравад. ки тавсияҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ ба таври бояду шояд зимни роҳандозии ислоҳоти ҷорӣ бо назардошти ислоҳоти қонунгузорӣ ва таҳияи Кодекси нави ҷиноии ҶТ ба эътибор гирифта мешаванд. «Тавсияҳо ба ҳукумати ҶТ пешниҳод гардида, аз ҷараёни амалисозии онҳо зимни муколамаи минбаъда оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупову Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар Душанбе натиҷагирӣ карда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.