Э.Раҳмон аз намояндагони ваколатдори Тоҷикистон дар Русия даъват кард, ки ба мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ саривақт расидаг

Date:


Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд.




Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони муқими Русия, ки чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифта буд ва масъалаи пуштибонии шоиста аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ин кишвари паҳновар баррасӣ шуд.



Таъкид гардид, ки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон аз мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд пайваста огоҳ бошанд ва

 

баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.



Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба иҷрои содиқона ва бо масъулияти вазифаҳои давлатию шаҳрвандиашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...