Дар Душанбе масъалаи роҳҳои пешгирии афзоиши ҳодисаҳои худкуширо баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳо бахшида ба баррасии масъалаи афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар кишвар мизи мудаввар баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, рӯзи 11-уми август дар Китобхонаи миллии ба номи […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳо бахшида ба баррасии масъалаи афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар кишвар мизи мудаввар баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, рӯзи 11-уми август дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқоси Фирлавсӣ таҳти унвони «Падидаи манфӣ дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар доир мегардад. «Дар кори мизи мудаввар намояндагони Додситонии кулл, Вазоратҳои тандурустӣ ва меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва дигарон ширкат хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.




           

Ба гуфтаи А.Юсуфов, ҳадафи аслии баргузории мизи мудаввар – ошкор сохтани сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ ва роҳҳои пешгирии он аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.