Президент супориш дод,то барои мӯътадил намудани вазъи таъмини барқ тамоми чораҳо андешида шаванд

Душанбе. 7 апреля. «Азия-Плюс» – | Имруз ҷаласаи кории Эмомали Раҳмон бо иштироки аъзоёни ҳукумат баргузор гардид. Таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ яке аз мавзуоти аслии ин ҷаласа ба шумо мерафт. Тавре ба «АП» аз маркази матбуотии раҳбари давлат хабар доданд дар ҷаласа раиси ширкати саҳомии холдингии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва вазири энергетика […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 7 апреля. «Азия-Плюс» – | Имруз ҷаласаи кории Эмомали Раҳмон бо иштироки аъзоёни ҳукумат баргузор гардид. Таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ яке аз мавзуоти аслии ин ҷаласа ба шумо мерафт.

Тавре ба «АП» аз маркази матбуотии раҳбари давлат хабар доданд дар ҷаласа раиси ширкати саҳомии холдингии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва вазири энергетика ва саноати кишвар Шерали Гул бо гузориш баромад карданд.

Дар гузориш сабабҳои коҳиш ёфтани маҷрои оби рӯди Вахш ва  кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак  зикр гардиданд, ки  дар натиҷа дар кишвар барои истифодабарӣ аз қувваи барқ маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

«Ба иттилои Абдулло Ёров  ва Шерали Гул вазъи таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқ танҳо дар ҳолати баланд шудани ҳарорати ҳаво то ба 25-30 дараҷа гармӣ мӯътадил хоҳад шуд » – хабар медиҳад манбаъ.

Эмомали  Раҳмон ба масъулон супориш дод, то тамоми имконотро барои таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқ ба кор баранд  ва аз тамоми истеъмолкунандагони нерӯи барқ даъват ба амал овард, ки дар истифодаи барқ  сарфакор бошанд.

«Дар ҷаласа зикр гардид  овозаҳо атрофи он, ки ҳукумати Тоҷикистон  дар ин рузи сахт барои мардум қувваи барқро ба Ҷумҳурии Покистон содир мекунад  асос надоранд, зеро миёни ин ду кишвар ҳанӯз хатҳои интиқоли барқ сохта нашудаанд»  – мегӯяд намояндаи хадамоти матбуотӣ.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки раиси ҷумҳур  ба мақомоти давлатӣ фармон додааст, то вазъи ба миён омада ба мардум  дуруст  шарҳ дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.