Раиси шаҳр ба вакилони шахрӣ супориш дод то фаъолияти худро пурсамартар ба рох монанд

Date:

Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи сешанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулони маъмурияти шаҳр баргузор намуд.

Ба иттилои котиби матбуотии шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов, зимни ҷаласа масъалаҳои танзими хизматрасонии комуналӣ, фаъолияти нақлиёти мусофирбари пойтахт, таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулот ва нигоҳ доштани нарху навои он, таъмини мактаб – интернатҳо, боғчаи кӯдакон бо маводи ғизоӣ, беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ дар пойтахт ва омодагӣ ба таҷлили 20 -умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба тамоми масоили баррасишаванда раисони  комиссияи депутатии шаҳр бармомад карданд, хабар медиҳад Шавкат Саидов.

«Раиси шаҳр ба комиссия депутатии дахлдор супориш дод то фаъолияташонро хубтар ба роҳ монанд ва аз раисони ноҳияҳои шаҳр таклиф ба амал овард,  то аз фаъолияташон ҳар ҳафта гузориш диҳанд»,-  афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...