Вакил аз ҲХДТ мушкили маҳали «1май» ро қисман ҳал кард

Date:

Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, намояндаи ҳизби ҳоким-Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзод рӯзи сешанбе аз рустои «1 май» ҷамоати Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. Вакил зимни вохӯрӣ бо сокинони ин русто роҳҳои ҳали мушкили тахриби манзилҳояшонро муҳокима кард. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев ширкат варзид.

Тавре вакил ба «АП» хабар дод, тибқи мувофиқа бо роҳбарияти ноҳия, хонаҳое, ки дар он айни ҳол зиндагӣ доранд тахриб карда намешаванд. Илова бар ин феълан масъалаи тақсими замин барои  сохтмони манзили хонаводаҳое, ки қаблан хонаҳояшон хароб карда шуданд, баррасӣ мешавад.

Намояндаи ҲХДТ аз аҳолии кишвар даъват намуд, то ҳангоми  гирифтани порчаи замин  ва иҷозатнома барои сохтмони манзил ҳушёр бошанд ва фирефтаи  фанди фиребгарон ва мансабдорони ноинсоф нашаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...