Таъсири болоравии қиммати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Дар ду ҳафтаи ахир ба таври  бесобиқа боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ба хусус бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст. Тибқи мушоҳидаҳо феълан дар ин нуқтаҳо арзиши як литр бензини навъи 95 то 5 сомону 70 дирамро ташкил медиҳад. Фурӯшандаҳои бензин мегӯянд, ҷаҳиши нарх боиси кам шудани мизоҷон  […]

Азия-Плюс

Дар ду ҳафтаи ахир ба таври  бесобиқа боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ба хусус бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст. Тибқи мушоҳидаҳо феълан дар ин нуқтаҳо арзиши як литр бензини навъи 95 то 5 сомону 70 дирамро ташкил медиҳад. Фурӯшандаҳои бензин мегӯянд, ҷаҳиши нарх боиси кам шудани мизоҷон  гардидаву бархе аз нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дар пойтахт  аллакай баста шудаанд.

Файзиддин  яке аз ронандаҳои микроавтобуси мусофирбар мегӯяд, қиммат шудани арзиши бензин даромади онҳоро ба маротиб камтар кардааст. Қаблан агар ӯ рӯзе то 100 сомон фоида медид ҳоло даромади ӯ  ҳамагӣ 30 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай дар сурати идома ёфтани ин вазъ онҳо маҷбур мешаванд арзиши раҳкироро боло баранд.

Дар ҳамин ҳол  яке аз дигар мусоҳибони мо, ки соҳиби мошини худрав аст, гуфт қиматии бензин ба ҷайби вай зарба задааст. Ӯ афзуд, ба эҳтимоли бештар аз рондани  мошинаш  даст кашидаву аз велосипед ва ё дучарха истифода хоҳад кард.

Аммо Каюмарс  як донишҷӯ аз он шикоят мекунад, ки бархе аз ронанадагони нақлиёти мусофирбар нархи роҳкироро баланд кардаанд. Ва  ҷаҳиши қиммати бензин ба нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ҳам таъсир кардааст, ки ин аҳволи бе ин ҳам вазнини донишҷӯёнро бадтар мекунад.

Нуриддин Давлатов. яке аз фурӯшандаҳои нуқтаҳои бензинфурӯшӣ гуфт, ба фарқ аз аксари дигар нуқтаҳо онҳо бензинро бар ивази 5 сомониву 20 дирам мефӯршанд. Нисбатан арзонтар фурӯхтани бензинро вай дар мавҷудияти захираи ин навъи сӯзишворӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ин захираи онҳо ҳамагӣ барои  20 рӯзи дигар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қиммати бензин пас аз тасмими Русия дар мавриди қатъи содироти бензин ба  кишварҳои хориҷ сурат гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз Тоҷикистон  90 дарсади маводи сӯхти худро танҳо аз Русия ворид мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.