Донистани забони давлатӣ – шарти ҳатмии ишғоли мансаби давлатӣ

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар намояндагони мардумӣ тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи суди конститутсионӣ», «Дар бораи Ваколатдори хуқуқи инсон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси гумруки […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар намояндагони мардумӣ тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи суди конститутсионӣ», «Дар бораи Ваколатдори хуқуқи инсон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси гумруки Тоҷикистонро маъқул шумориданд ва мутобиқи он, минбаъд барои ишғоли мансаб дар мақомоту идораҳои дар боло зикршуда аз довталаб дар баробари маълумоти дахлдор ҳамчунин донистани забони давлатӣ низ талаб карда мешавад.

Зимни суханронии худ дар робита ба ин масъала раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки талаботи мазкур меъёри Сарқонуни кишвар буда, риояи он дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. «Мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» дар саросари кишвар мукотибаи расмӣ миёни субъектҳои ҳокимияти давлатӣ бояд танҳо бо забони давлатӣ сурат гирад», – таъкид сохт ӯ.

Зимни ибрози андешаи худ роҷеъ ба масъалаи мазкур намояндаи мардумӣ Саттор Холов зикр кард, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳои мазкур, ҳамаи хоҳишмандони ишғоли мансаб дар хадамоти давлатӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи ҳукумати кишвар оид ба сатҳи донишашон аз забони тоҷикӣ санҷиш месупоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.