Ташрифи як ҳайати аъзами тоҷирони покистонӣ ба Душанбе

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Як ҳайати иборат аз ҳудуди 100 нафар соҳибкорону тоҷирони покистонӣ имрӯз ҷиҳати барқарор сохтан ва таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои тиҷоративу саноатии Покистон дар бахшҳои дорусозиву бофандагӣ, мошинсозӣ, молия, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, азхудкунии […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Як ҳайати иборат аз ҳудуди 100 нафар соҳибкорону тоҷирони покистонӣ имрӯз ҷиҳати барқарор сохтан ва таҳкиму густариши робитаҳои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ба ҳайат намояндагони ширкатҳои тиҷоративу саноатии Покистон дар бахшҳои дорусозиву бофандагӣ, мошинсозӣ, молия, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, сайёҳӣ, сохтмон, мошинсозӣ, коркарди чарм ва ғайра шомил буда, онҳо бо имконоти ҷумҳурӣ шинос ва самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Интизор меравад, ки рӯзи 31-уми май намояндагони ҳайати Покистон дар ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ширкат варзида, дар ҷараёни он имконоти таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба коркарди нахи пахта баррасӣ мешаванд. Покистон ҳамчунин ба алюминии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ оҳир сохтааст.

Дар робита ба ин масъала сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов изҳор доштааст, ки кишварҳо то ҳанӯз дорои имконоти зиёди истифоданашуда ҳастанд ва айни замон масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбеву Исломобод мавриди ҳаллу фасл қарор дорад, ки ба густариши бештари робитаҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон зимни сафари расмӣ ба Покистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону тоҷирони Покистонро ба Тоҷикистон даъват карда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Покистон, ки асосан аз нахи пахта ва ангур иборат буд, 15,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра аз Покистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 6 млн. доллари ИМА асосан маснӯъоти саноати бофандагӣ ва атриёт ворид карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.