«Барқи тоҷик»: Аз ҳама бештар аҳолии Кӯлобу Данғара аз истифодаи барқ қарздоранд

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҳама бештар сокинони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Данғара аз пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ каме бештар аз нисфи маблағи истифодаи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҳама бештар сокинони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Данғара аз пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ каме бештар аз нисфи маблағи истифодаи барқ ва аҳолии ноҳияи Данғара 56% аз ҳаҷми умумии онро пардохт кардаанд. «Дар ин давра сокинони ноҳияи Рашт аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ зиёдтар – 92%-и маблағи истифодаи барқро пардохтанд», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти ширкати мазкур, ҳаҷми маблағи пардохтаи аҳолии муқими шаҳри Душанбе барои истифодаи нерӯи барқ дар ин давра 72,7%-ро ташкил медиҳад. «Дар маҷмӯъ, дар ин давра аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумӣ 67,9-и маблағи истифодаи барқро пардохт кард», – афзуд сарчашма.

Ёдрас мекунем, ки айни замон тарофаҳои пардохти маблағи истифодаи барқ барои аҳолӣ бо назардошти ААИ, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки низоми энергетикии автономии ҷудо аз ширкати «Барқи тоҷик»-ро доро аст, 9 дирам барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.